Русия барномаи кӯчонидани ҳамватанонро осонтар мекунад

Иштирок дар барномаи муҳоҷиркунонӣ дар Русия осонтар мешавад, зеро барои пешниҳоди дархостҳои ҳамватанон аз хориҷи кишвар иҷозат дода хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ҳукумати Русия иштирок дар барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон (переселение)-ро соддатар мекунад, гуфт сарвазир Михаил Мишустин зимни як ҷаласае.
Пешбинӣ шудааст, ки имкон фароҳам оварда шавад, то хоҳишмандон аз хориҷ дархостҳои худро фиристода тавонанд.
Ба гуфтаи Мишустин, вазифа гузошта шудааст, ки барои кӯчи ихтиёрӣ ба Русия, асосан аз давлатҳои ғайридӯст мусоидат карда шавад.
"Ҳукумат иштироки онҳо дар барномаи давлатӣро осонтар мекунад. Онҳо метавонанд на танҳо дар давлате, ки шаҳрванди он ҳастанд, балки дар хориҷа, дар ҷое зиндагӣ мекунанд ва инчунин дар кишвари мо низ муроҷиат кунанд", - гуфт ӯ.
Афроде, ки ҳуҷҷатҳояшон дар баробари забони давлатӣ бо русӣ низ ҳаст, шарт нест, ки онро дигарбора тарҷумаву тасдиқ кунанд.
Инчунин пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуд, маълумот дар бораи таҳсил, таҷрибаи корӣ ва бисёр дигар маълумоти шахсӣ дигар лозим намеояд.
Донистани забони русӣ барои довталабони барномаи кӯчонидани ҳамватанон ҳатмӣ шуд
"Барои гурезаҳо ва онҳое, ки паноҳгоҳи муваққатӣ гирифтаанд, баррасии дархост барои ширкат дар барномаи давлатӣ тибқи тартиби тезонидашуда сурат гирифта, бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ кам карда мешавад", - гуфт, Мишустин.
Ба бовари ӯ, давлат ба ҳазорон ҳамватанон ва хонаводаҳои онҳо, ки мехоҳанд дар Русия кору зиндагӣ кунанд, дар зудтарин фурсат барои ба ин кишвар кӯч бастан, кумак хоҳад кард.