Ҳафтаи корӣ чаҳоррӯза шавад ё на? назари мақомоти тоҷик

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон имкони дар ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани ҳафтаи чоррӯзаи кориро шарҳ дод, ки ахиран дар дигар кишварҳо баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ҳафтаи чоррӯзаи корӣ гузаштан пешбинӣ нашудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар хабар доданд.
"Низоми мавҷуда, ки дар як ҳафта то 40 соати кориро пешбинӣ мекунад, барои вазъи кунунӣ хуб аст, мо ба он мутобиқ шудем ва ин қобили қабул аст", - гуфтанд аз ин ниҳод.
Тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар панҷ рӯзи корӣ ва ду рӯзи истироҳат мавҷуд аст.
Дар сурати ворид шудани таклиф дар бораи кам кардани рузи кор онро комиссияи танзими муносибатҳои меҳнатӣ якҷоя бо иттифоқҳои касаба муҳокима мекунад.
Солҳои охир дар бораи кам кардани рӯзҳои меҳнат бештар сухан меравад. Инак, дар Русия чунин ташаббус кайҳо боз аз ҷониби вакилони мухталиф пешниҳод ва дастгирӣ мешавад.
Рӯзҳои Ид ва истироҳат дар Тоҷикистон: тақвим барои соли 2023
Масалан, дар охири моҳи апрели соли 2021 муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев пешниҳоди кӯтоҳ кардани ҳафтаи корӣ то нимаи рӯзи ҷумъаро карда буд.
Ахиран Қазоқистон дар бораи тадриҷан гузаштан ба давраи "чорруза" ташаббус ба миён гузошт.
Онҳое, ки дар бахши хусусӣ кор мекунанд, аввалин шуда ба реҷаи кутоҳшудаи кор мегузаранд.