Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон меравад: Чаро?

Тоҷикистон дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ҳадафаш баррасии масоили Афғонистон мебошад, ширкат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистонро дар нишасти ИДМ дар масоили Афғонистон, вазири корҳои хориҷӣ, Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ хоҳад кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Санаи мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ рӯзи 13 апрел таъйин шудааст, иттлооъ дода буд, қаблан дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев. Чин ва Покистон низ қасд доранд дар нишасти вазирон ширкат кунанд.
Мулоқоти мазкур дар шаҳри Самарқанд дар назар буда, дар он иштироки намояндагони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгӯӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ борҳо нишасти мақомдорони кишварҳои минтақа барои баррасии вазъи Афғонистон баргузор шуда буд. Ҳадафи ҳамоишҳо ҳамоҳангии талошҳои минтақаӣ дар ҷиҳати мусоидат ба Афғонистон дар масоили гуманитарӣ ва иқтисодӣ - иҷтимоӣ арзёбӣ мешавад.
Муҷоҳид: Аз хоки Афғонистон алайҳи ҳич кишваре истифода нахоҳад шуд
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар масоили Афғонистон изҳор дошта буд, ки Душанбе ҷонибдори сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя мебошад.
Вай изҳори боварӣ карда буд, ки ба субот дар Афғонистон метавон танҳо аз роҳи ташкили давлати ҳамашумул бо иштироки намояндагони тамоми қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ даст ёфт.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд.