Ҳашар бо иштироки раисон дар ВМКБ

Аз тариқи ҳашар, ки бо ҷалби мақомдорони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор гардид, ҷодаҳои Хоруғ тоза шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Маъракаи навбатии ниҳолшинонию поксозии гарду атроф бо иштироки роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ дар майдони Исмоили Сомонӣ амалӣ шуд.
Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ иттилоъ дода, афзуданд, ки ба ҳолати аввали моҳи равон дар шаҳри Хоруғ аллакай зиёда аз 500 бех ниҳоли ороишӣ ва сояафкан шинонида шуданд.
Макони дигари ниҳолшинонӣ бо иштироки масъулини мақомоти давлатӣ маҳаллаи Андарситез интихоб гардидаст.
Инчунин дар асоси дастури раиси вилоят барои ободу зебо гардондани кӯчаҳои марказии шаҳри Хоруғ дар назди бинои мақомоти иҷроияи вилоят ҳашари навбатӣ гузаронида шуд.
Дар ВМКБ бо арзиши 31,2 млн доллар роҳу пул месозанд
"Дар рафти ҳашар роҳи асосии мошингарди шаҳри Хоруғ васеъ гардида, аз ду тарафи он дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар шафати роҳи мошингард истгоҳи замонавӣ бо тарҳи зебо сохта шуда, роҳи пиёдагарди ин масир бо сангҳои истеҳсоли маҳаллӣ мумфарш мегардад.
"Новаҳои калони обгузари сари роҳи мошингард, ки баъзеашон ба таъмир ниёз доштанд, иваз гашта, ба ҷойи онҳо новаҳои нав мемонанд", - таъкид кардаанд мақомот.
Маврид ба зикр аст, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар Тоҷикистон шинонидани қариб 1,2 миллион бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст.