Даргирӣ миёни толибҳо дар Панҷшер

Таниши байниҳамии толибҳо дар вилояти Панҷшер, ки қаблан низ ҷой дошт бори дигар сар зада, боиси маҷруҳ шудани яке аз мақомдорони он шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Задухӯрд миёни толибҳо дар Панҷшер шаби 1 ба 2 апрел рух додааст, ки дар пай захмӣ низ доштааст, иттилоъ дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, задухӯрд дар пайи он рух додааст, ки комиссияи низомии толибҳо мехост телефонҳои кормандони ниҳодҳои давлатиро тафтиш кунад.
Аммо раиси додгоҳи ин вилоят ба ин амр мухолифат кардааст, ки боиси низоъ миёни ду ҷиноҳи ин гуруҳ шудааст.
Дар ҷараёни муноқиша раиси додгоҳи Панҷшер аз пояш захмӣ шуда, ба бемористони ёрии таъҷилии вилоят мунтақил шудааст.
Вилояти Панҷшер, охирин музофоти Афғонистон мебошад, ки толибҳо аз ҳама охир ба идораи он даст ёфтанд.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон меравад: Чаро?
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд.
Ахиран яке аз имомони суннии шаҳри Зоҳидони Эрон, Абдулҳамид Исмоил Зоҳӣ, ахиран аз толибҳо хост, ки қавонини исломро риоя кунанд.
Абдулҳамид аз толибҳо даъват кард, ки сиёсати худро дар мавриди таҳсили занон бознигарӣ кунанд. Мавсуф ҳамчунин аз ин гуруҳ даъват мекунад, ки дар идораи давлатӣ аз захираҳои инсонии тамоми гурӯҳҳои этникӣ ва ҳатто ғайримусулмонон истифода баранд.