ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Идораи сӯхторнишонии вилояти Суғд хабар доданд, ки дар соҳили чапи руди Сир як хонаи истиқоматӣ комилан ба коми оташ рафт.
Ҷамшед Зоирӣ, як масъули ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон сабаби рухдоди ин ҳодисаро шарҳ дод.
Ба гуфтаи вай, ин ҳодисаи нохуш соати 11:48 дақиқаи қабл аз зуҳр дар як манзили иқтиқоматӣ дар маҳаллаи маъруф сар Раззоқи шаҳри Хуҷанд сар задааст.
“Соҳибхона телевизорро ба нерӯи барқ пайваст карда, хомӯш кардани онро фаромӯш намудааст. Дар натиҷаи беназоратӣ ноқилҳои телевизор тоб наоварда ва сӯхтор ба амал омадааст” – гуфт, мақомдори идораи сӯхторнишонӣ.
Бино ба иттилоъи манбаъ сӯхтор то 40 метри мураббаъ доман паҳн намуда, ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва ашёи рӯзгордорӣ ҳама ба коми оташ рафта ба хокистар табдил ёфтаанд.
Хушбахтона аз ин ҳодисаи нохуш ба худи соҳибони хона осеб нарасидааст.
Бино ба иттилоъи мақомоти сӯхторнишонӣ давоми се моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 30 ҳодисаи оташсӯзӣ дар иморату иншоотҳои давлативу хусусӣ ба қайд гирифта шуда ва садҳо ҳазор сомонӣ зарар дар пай гузоштааст.