Рақсу оташбозӣ ва барномаи нотакрор: Таҷлили бо шукуҳи Наврӯз дар Суғд

Ахиран барномаи асосии фарҳангии таҷлили “Наврӯз -2023” и Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд баргузор шуд
Sputnik
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш гуфт, ки ҳама арзишҳои ҷовидонӣ ва аҳаммияти умумибашарии Наврӯз барои мо — тоҷикон дар баробари забони ширину шевои тоҷикӣ, таърих, илм ва адабиёту фарҳанги пурғановати бо ин забон таълифшуда мояи ифтихору сарфарозӣ ва беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки беш аз 19 ҳазор иштирокчиён аз санъаткорон аз ҷумла овозхонҳову навозандагон ва раққосон барои таҷлили бошукӯҳи чорабиниҳои фарҳангии “Наврӯз -2023” баромад карданд
Дар чорабиниҳо фарҳанг ва ҳунари ҳама минтақаҳои Тоҷикистон дар жанрҳои гуногун аз ҷумла помирӣ, хатлонӣ ва суғдӣ рӯи саҳна инъикос ёфт
Чорабинии бошукӯҳ дар Муассисаи давлатии “Варзишгоҳи 20- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони олимақоми кишвар доир гашт.