Раҳмон кишти пунбадонаро дар Зафаробод оғоз бахшид

Интизор меравад, ки бо навсозии дастгоҳу муҳаррикҳои пойгоҳҳои обкашӣ дар хочагиҳои ноҳияи Зафаробод ҳаҷми истеҳсоли пахта бояд зиёд карда шавад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар кооперативи тиҷоратии “Нур Темур” ба кишти пунбадона оғоз бахшида, аз намоиши тухмиҳои зироати кишоварзӣ боздид намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мавзеи Заррези ҷамоати деҳоти ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳия хатти оби полезиро ба истифода доданд.
Таъкид гардид, ки тавассути иншооти нави обрасонӣ 200 гектар заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои "Саховати Куруш" ва "Нур Темур" обёрӣ гардида, заминҳои қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолии деҳаи Заррез низ бо оби полезӣ таъмин мешаванд.
Дар заминҳои ин минтақа давоми беш аз 30 сол аз сабаби аз кор мондани пойгоҳи обкашии "Меҳнат" зироати кишоварзӣ истеҳсол нашудааст, омадааст дар иттилоия.
Қазоқистон содироти гандум бо мошинро барои ним сол манъ карданист
Эмомалӣ Раҳмон ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшида, ба хоҷагидорони ноҳияи Зафаробод дар кишти баҳорӣ барор хост.
"Ба масъулони соҳа, хочагидорону мутахассисон дастуру супориш дода шуд, ки кишти зироату сабзавот, полезиҳоро дар муҳлат ва хушсифат, мутобиқ ба агротехника анҷом диҳанд", - омадааст дар иттилоия.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, дар муҳлати барои обу ҳавои минтақа мутобиқ гузарондани кишти пунбадона яке аз омилҳои асосии ҳосилнокии баланди пахта мебошад.
Интизор меравад, ки бо навсозии дастгоҳу муҳаррикҳои пойгоҳҳои обкашӣ дар хочагиҳои ноҳияи Зафаробод ҳаҷми истеҳсоли пахта бояд зиёд карда шавад.
Бар асоси омори расмӣ, дар ноҳия беш аз 4 ҳазор кооперативу хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кишту парвариши пахта машғуланд.
Соли ҷорӣ дурнамои кишти пахта дар масоҳати 14,6 ҳазор гектар муқаррар гардидааст, ки ин нишондиҳанда соли гузашта камтар аз 14 ҳазор гектарро ташкил дода буд.