ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ иштибоҳ карданд, ки тавоноии Русия барои мутобиқ шудан ба таҳримҳо нодида гирифтанд, изҳордошт сарвазири Маҷористон, Виктор Орбанд.
Орбан дар суҳбат бо радиои Kossuth изҳор дошт, ки Русия ҳанӯз пас аз ҷорӣ шудани аввалин маҳдудиятҳо дар соли 2015 чунин қобилияташро нишон дода буд.
"Нағз дар ёд дорам, ки дар соли 2015 мо ба Русия бисёр маҳсулоти ғизоӣ содир карда будем. Дар давоми се сол Русия бахши кишоварзӣ ва саноати хӯроквории худро ба дараҷае сохт, ки агар Маҷористон имрӯз мехост ба онҷо озуқа содир кунад, ё ба мушкилӣ метавонист у умуман даст намеёфт", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки нодида гирифтани қобилияти як кишвар, бахусус давлати бузурге мисли Русия, барои мутобиқшавӣ хатои марговар аст.
"Ва ман мебинам, ки Русия ба вазъи таҳримҳои аврупоӣ бар зидди худ мутобиқ шуда истодааст", - гуфт сарвазири Маҷористон.
Ғарб фишори таҳримҳои Русияро дар робита ба Украина афзоиш дод, ки боиси болоравии қимати нерӯи барқ, сӯзишворӣ ва ғизо дар Аврупо ва ИМА шуд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан гуфта буд, ки сиёсати боздошт ва заиф кардани ФР стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.
Маскав борҳо изҳор доштааст, ки Русия ҳама мушкилотеро, ки Ғарб барои ӯ эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.