ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Зафаробод корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растанӣ ба истифода дода шуд, ки дар масоҳати наздики 3 га аз ҷониби соҳибкор Абдусамат Норматов бунёд ёфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, корхонаи мазкур бо иштироки президент, Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи пахта дар як сол коркарди 15 ҳазор тонна пахта буда, дар заминаи корхона истеҳсоли равғани растанӣ низ ба роҳ монда шудааст.
"Истифодаи дастгоҳи муосир имкон медиҳад, ки барориши нахи пахта то ба 38 фоиз баробар гардида, 55 фоиз чигит истеҳсол карда шавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардид, ки коргоҳи равғанбарорӣ иқтидори коркарди то 40 тонна чигитро дар як шабонарӯз дошта, равғани истеҳсолгардида, дорои сифати баланд мебошад ва ин корхонаи тозабунёд дар таъмини бозори растанӣ саҳми арзанда мегузорад.
Ин дар ҳолест, ки ҳоло талаботи бозори истеъмолии Тоҷикистон аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22% таъмин гардида истодааст, ки хеле кам арзёбӣ мегардад
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳор муваззаф кард, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро фаъол созанд.