Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Москалкова: Киев намехоҳад низомиёни асирафтодаашро табодул кунад

Киев аз феҳрастҳо барои умдатан сарбозон ва сержантҳоро аз феҳристи табодулотӣ хориҷ карда ва дидаву дониста теъдоди зиёдеро ҳамчун бедаракшуда сабт мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҷониби Украина дар муколама дар бораи табодули асиронаш "хомӯш" аст, изҳор дошт ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар дар Русия Татяна Москалкова.
Ӯ бо нашри як иттилоия аз он изҳори нигаронӣ кард, ки шумори низомиёни асирафтода, ки Киев намехоҳад, онҳоро мубодила кунад, то ба 133 нафар афзоиш ёфтааст.
Қаблан омбудсмени Русия номи 70 сарбози украиниро нашр карда буд, ки ҷониби Украина аз табодули онҳо худдорӣ кард. Баъдан дар мусоҳиба бо РИА "Новости" омбудсмен гуфт, ки аз ваколатдори ҳуқуқи башар дар Радаи олии Украина Дмитрий Любинетс кафолат гирифтааст, ки низомиён баргардонида мешаванд.
"Ман бениҳоят нигаронам, ки табодули навбатии асирон халалдор мешавад. Се ҳафта гузашт, ки ман аз ҷониби Украина итминон гирифтам, 70 низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, иваз карда хоҳанд шуд", - гуфт омбудсмен.
Лавров: Ғарб бевосита иштирокчии муноқишаи Украина аст
Вай таъкид намуд, ки рӯзу ҳафтаҳо гузашта истодаанд, аммо пешрафте ҳосил нашудааст, балки баръакс шумори асирафтодагоне, ки иваз карданашон намехоҳанд афзоиш ёфта, ба 133 нафар расидааст.
"Вақт тамом мешавад, рӯйхат пурра гардид. Аллакай 133 нафар дар он ҳастанд ва ҷониби Украина хомӯш аст", - нигаронӣ кард Москалкова.
Қаблан Москалкова изҳор дошт, ки раванди табодули асирони ҷангӣ бо ҷониби Украина ба далели "стандартҳои дугона"-и Киев ба таъхир афтодааст.
Ба гуфтаи вай, беш аз 10 моҳ аст, ки Киев умдатан сарбозон ва сержантҳоро аз феҳристи табодулотӣ хориҷ карда ва дидаву дониста теъдоди зиёдеро ҳамчун бедаракшуда сабт мекунад.