Аз Красноярск ба Бохтар парвози нав кушода мешавад

Аллакай моҳи май ширкати ҳавопаймоии русии Nordwind (Северний ветер) боз як хатсайри мустақим байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистонро боз мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ширкати Nordwind Airlines сар аз 3 май аз Красноярск ба Бохтар парвозҳои навро оғоз мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати русӣ.
Дар вебсайти расмии ширкат чиптаҳои парвозҳои нав аз Русия ба Тоҷикистон ва бозгашт аллакай ба фурӯш гузошта шудаанд.
Парвозҳо дар як ҳафта як маротиба - рӯзҳои чоршанбе анҷом дода мешаванд. Ба иттилои ширкати мазкур, чиптаҳои яктарафа 18 000 рубл арзиш доранд.
Парвоз соати 06:25 дақива ва вақти анҷоми парвоз 08:30 дақиқаи ба вақти маҳҳалӣ ба нақша гирифта шудааст. Вақти сафар 4 соат хоҳад буд.
Қаблан дар бораи ҷадвали нави парвозҳо миёни Самара ва Душанбе низ маълум шуда буд.
Теъдоди парвозҳо аз Самара ба Душанбе бештар мешавад: графики нав
Интиқоли мусофирон инчунин аз ҷониби Nordwind ҳар рӯзи ҷумъа анҷом дода мешавад.
Парвоз аз Самара соати 06:45, аз Душанбе соати 12:30 дар назар аст. Вақти сафар 3 соату 20 дақиқа хоҳад буд.