Афзоиши моҳипарварӣ дар Суғд: маслиҳати президент ба хоҷагидорон

Масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ дар вилояти шимолии Тоҷикистон аз ҳадди 43 ҳазор гектар гузашта, тавлиди моҳӣ сол ба сол майли афзоиш дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Хоҷагиҳои "Саховати Куруш" ва "Мир Темур" бо истифода аз мавзеи мутобиқ дар соҳили дарёи Сир ба таъсиси ҳавзҳои моҳипарварӣ иқдом намуданд, иттилоъ дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти хоҷагии моҳипарварӣ ифтитоҳи расмӣ бахшида, ба ҳавзҳои моҳипарварӣ аввалин моҳичаҳо партофта шуданд.
Шумораи ҳавзҳои моҳипарварӣ 10 адад буда, ба андозаи ҳар яке 5 метр ба 2,5 метр дар канали обрасонии "Фарҳод" насб карда шудаанд. Дар марҳилаи аввал дар ин ҳавзҳо 20 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад ва минбаъд зиёд карда мешаванд, омадааст дар иттилоия.
Раҳмон кишти пунбадонаро дар Зафаробод оғоз бахшид
Манбаъ афзуд, ин нахустин хоҷагии моҳипарварӣ дар ноҳияи Зафаробод буда, Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон маслиҳат додааст, ки бо истифода аз шароити мусоиди соҳили Сирдарё ва минтақаҳои шафати иншооти ирригатсионии ноҳия ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил намоянд.
Зикр гардид, ки оҷагидорону соҳибкорон бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои муқарраргардида ба таъсиси хоҷагию ҳавзҳои моҳипарварӣ ҳавасманданд.
Бар асоси омори расмӣ, феълан дар Суғд 33 хоҷагии моҳипарварӣ бо зиёда аз 43,2 ҳазор гектар ҳавзҳо фаъолият доранд.
Таъкид гардид, ки истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар соли 2022 дар вилояти Суғд 894 тонна баробар карда шудааст.