ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба видеои ҷанги ду зан, ки баҳси зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехтааст, вокуниш нишон дод.
Ин ниҳод мегӯяд, ҷанг на дар саҳни мактаб, балки дар назди муассисаи таълимии №14 - и ноҳияи Шаҳринав, дар айвончае, ки барои истироҳшати сокинон сохта шудааст ва ба ҳудуди мактаб дахл надорад, рух додааст.
"Дар назди муассисаи таълимии №14-и ноҳияи Шаҳринав дар паҳлуи роҳ ҷойи нишаст барои истироҳати сокинон - айвонча (беседка) сохта шудааст, ки ба ҳудуди муассисаи таълимӣ дохил намешавад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, Вазорати маориф қайд намуд, ки ҷанг на миёни муаллима ва модари яке аз толибилмон, балки байни ду нафар зан, ки нисбати ҳам хусумати шахсӣ доштаанд, сар задааст.
Дар видео, ки дар шабакаҳо мечархад, яке аз занҳо, ки шоҳиди ин ҳодиса гардида, онро сабт намуд, гуфт, “мана шармандаҳо, модарҳо ба мактаб омада ҷанг мекунанд”.
Зимнан, хабари занозании ду зан дар ноҳияи Шаҳринавро котиби матбуотии ВКД Нусратулло Маҳмадзода низ тасдиқ намуда гуфтааст, ки нисбаташон чораҳои қонунӣ андешида шуд.
Вазорат аз сокинон хоҳиш намуд, ки ба хабарҳои дурӯғ, ки шаъну шарафи омӯзгорро паст мекунад, бовар накунанд.