Теъдоди парвозҳо аз Самара ба Душанбе бештар мешавад: графики нав

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ теъдоди парвозҳо миёни пойтахти Тоҷикистон ва Самараро афзоиш доданд. Аз 30 март, ҷадвали парвоз бо хатсайрҳои нав пурра карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар баҳори соли 2023 аз Самара ба Душанбе шумораи ҳамлу нақли мусофиркашонӣ афзоиш ёфт.
Ҳамин тариқ, тибқи нишонаи таблиғи онлайни парвозҳои фурудгоҳи Курумоч, аз 31 март боз як хатсайри мустақим аз Самара ба Душанбе пайдо мешавад.
Парвозҳо аз ҷониби Nordwind ҳар рӯзи ҷумъа анҷом дода мешаванд.
Парвоз аз Самара соати 06:45, аз Душанбе соати 12:30 дар назар аст. Вақти сафар 3 соату 20 дақиқа хоҳад буд.
S7 парвози Новосибирск - Бохтарро оғоз мекунад: ҷадвал
Илова бар ин, аз 30 март дар як ҳафта чаҳор маротиба: рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе, шанбе ва якшанбе ҳавопаймоҳои ширкати дигари русии "Уралские авиалинии" аз Самара ба Душанбе парвоз мекунанд.
Ҳамчунин, аз 2 апрел дар ҷадвали байни шаҳрҳо парвози иловагии ҳавопаймои миллии Тоҷикистон пайдо мешавад.
Ҳафтае як маротиба дар рӯзҳои шанбе ҳамлу нақли ҳавоӣ тавассути ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” сурат мегирад.