Патрушев: Вазъи Афғонистон ба буҳрони давомдор табдил меёбад

Дабири Шӯрои амнияти Русия ахиран дар як ҷалса аз вазъи Афғонистон, ки бо мурури замон печидатар мешавад, изҳори нигаронӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон ҳамоно муташанниҷ аст, гуфт дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев.
Дар нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Деҳлӣ оқои Патрушев дар бораи зарурати таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба ин ин кишвар ҳамчун омили нооромкунандаи минтақа таъкид кард.
"Вазъият дар Афғонистон бо гузашти 1,5 сол пас аз ба сари қудрат расидани толибҳо мушкил боқӣ мемонад ва хусусияти бӯҳрони тӯлониро касб мекунад", - гуфт Патрушев.
Ба гуфтаи вай, аз Афғонистон "чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти давлатҳо" ворид мешаванд.
Николай Патрушев, ба хатарҳои терроризм, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва густариши ақидаҳои ифротгароӣ, ки метавонад аз ин кишвар ворид шавад таъкид кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Таъкиди Патрушев ба таъмини амнияти биологӣ дар ҳудуди СҲШ
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи августи соли 2021 Толибон ҳамлаи худро алайҳи нирӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг дар саросари кишвар хотима ёфт.
Режими ба сари қудрат омада як катор ҳукуку озодиҳои шаҳрвандонро махдуд кард. Яке аз охирин маҳдудиятҳо таҳсили донишҷӯдухтарон дар донишгоҳҳои хусусӣ ва давлатӣ буд.
Ба гуфтаи вазири таҳсилоти олии Афғонистон, ин амал хилофи қонунҳои ислом ва хилофи анъана аст.
Толибҳо ҳамчунин ба тамоми созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон дастур додаанд, ки кори занони коргарро мутаваққиф кунанд.