Офтобу гулҳо: Баргузории фестивали “Сайри гули лола” дар Душанбе

Баҳори "Иди лола" дар дили сокинон ва меҳмонони пойтахт муҳаббат ба табиатро бедор намуда, завқи мардумро ба табиат зиёдтар мекунад.
Sputnik
Ба хотири Иди лола дар пойтахт Тоҷикистон дар гулгашту хиёбонҳо, боғҳо ва дар ҷойҳои гуногун қариб 6 миллион гул шинонда шуд.
Дар фасли баҳори дар Душанбе ҷашнвора баргузор мешавад, ки дар бораи он Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт эълон кардааст. Чорабинӣ то нимаи моҳи апрел идома ёфта, баъдан натиҷагирӣ аз он ҷамъбаст ва ғолибон аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ муайян карда мешаванд.
1 / 11

Фестивал-озмуни "Сайри гули лола" дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор мешавад

2 / 11

Дар арафаи ин фестивал танҳо дар пойтахт кариб 6 миллион ниҳоли лола шинонда шуд

3 / 11

Фестивали “Сайри гули лола” дар Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад

4 / 11

Даври якуми мусобика 10 март ба охир расид

5 / 11

Марҳилаи дуввуми фестивал дар Тоҷикистон моҳи апрел ба поён мерасад

6 / 11

Сипас, ғолибон интихоб мешаванд

7 / 11

Аъзоёни комиссияи ҷумҳуриявӣ ғолибони озмунро муайян мекунанд

8 / 11

Аз соли 2018 бо супориши раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола фестивали “Сайри гули лола” баргузор мешавад

9 / 11

Дар ҷумҳурӣ 24 навъи лола парвариш карда мешавад

10 / 11

Дар гузашта миёни тоҷикон ҳамасола ҷашни лолаҳои шукуфон таҷлил мешуд

11 / 11

Баъдан, лолаҳо ба Осиёи Хурд, Туркия, Нидерландия ва дигар кишварҳо паҳн шуданд

Фестивали “Сайри гули лола” бо мақсади баланд бардоштани алоқамандӣ ба табиат ва оммавӣ кардани анъанаҳои миллӣ баргузор мешавад.