ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Рафтори иғвоангезонаи Ғарб дар заминаи бӯҳрони Украина метавонад ба фалокат оварда расонад, изҳор дошт дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев.
Ӯ зимни нишасти дабирони амнияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Ҳинд таъкид намуд, ки таҳрикҳои Ғарб ба постулатҳо дар бораи ғайри қобили қабул будани ҷанги ҳастаӣ мухолифат мекунад.
"Рафтори иғвоангези Ғарб дар заминаи бӯҳрони Украина метавонад ба паёмадҳои фалокатбор оварда расонад. Ин хилофи моҳияти изҳороти муштараки раҳбарони кишварҳои "панҷгонаи ҳастаӣ" аз 3 январи соли 2022 аст, ки дар он роҳ надодан ба ҷанги ҳастаӣ таъкид шуд", - гуфт Патрушев.
Вай таъкид кард, ки Русия дар навбати худ ба ин изҳорот комилан содиқ боқӣ мемонад ва мувофиқи муҳтавои он, ба зарурати ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бархӯрди низомӣ миёни кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ, пойбанд мебошад.
Қаблан вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу таъкид кард, ки аз нигоҳи низомӣ зарурати истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар Украина нест.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳадафи аслии силоҳи ҳастаии Русия ҷилавгирӣ аз ҳамлаи ҳастаӣ ба қаламрави кишвар аст.
Шойгу ёдовар шуд, ки истифодаи ин навъи силоҳ бо ҳолатҳои фавқулодда маҳдуд аст, ки "дар ҳуҷҷатҳои дастурии Русия, ки барои омма кушодаанд, муайян карда шудаанд."
Ӯ ҳамчунин иддао дар бораи эҳтимоли истифодаи силоҳи кимиёвӣ ҳангоми амалиёти вижа дар Украинаро беасос хонда буд.
Дар ҳамин ҳол ахиран хабарҳо дар мавриди азми ғарб барои таҳвили аслиҳаи урандор ба Украина нашр гардид, ки Маскав онро маҳкум карда, аз паёмадҳо ҳушдор дод.