ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Системаи оташфишони "Солнтсепёк" ба мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Авдиевка зарба зад, хабар медиҳад РИА Новости.
Агентӣ як видеои нодиреро нашр кард, ки дар он истифодаи системаи оташфишони вазнини ТОС-1а "Солнтсепёк" дар минтақаи амалиёти махсуси низомӣ нишон медиҳад.
Кори "Солнтсепёк" бо дастгирии БМ-21 "Град" имкон дод, ки дар самти Авдеевка ба нуктахои оташфишонӣ ва ҷойҳои ҷойгиркунии қувваи зиндаи душман зарбаи аниқ зада шавад.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, дар ҳоли ҳозир дар Авдиевка, Маринка ва Артемовск задухӯрдҳои шадид идома доранд.
Дар як шабонаруз 84 ҳайати тубхонаӣ, 128 майдони ҷамъи қувваи зинда ва техника, ду анбори лавозимоти ҳарбӣ байн бурда шуд.
Дар баробари системаҳои авиатсиони ва дифоъи ҳавоии хатти пеш, як чархболи Ми-8, 14 ҳавопаймои бесарнишин ва 7 мушаки системаи мушакии чандкаратаи HIMARS-ро задаанд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳраки Авдеевка таҳти назорати Киев аст. Ин яке аз минтақаҳои асосии мустаҳкамшудаи Украина дар самти Донетск аст. Нерӯҳои украинӣ аз ин қаламрав Донетскро тирборон мекунанд.