Толибҳо: Пушти амали террористии ахир дар Кобул “ДОИШ”* меистад

Намояндаи толибҳо мегӯяд, ки пушти амали террористии ахир дар Кобул, ки боиси марги шаш нафар шуд, ҷангҷӯёни “ДОИШ”* меистанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Паси ҳамлаи террористӣ дар Кобул, ки ҷони 6 нафарро гирифт, ҷангҷӯёни гурӯҳи "ДОИШ"* ҳастанд, иттилоъ додааст ба РИА “Новости” намояндаи гурӯҳи толибҳо Билол Каримӣ.
"Як чиз равшан аст, чунин падидаҳои даҳшатнок танҳо аз ҷониби ҷангҷӯёни “ДОИШ”* анҷом дода мешаванд. Хушбахтона, дар Афғонистон нерӯҳои иктишофии Имороти Исломӣ 99% онҳоро аз байн бурданд", - гуфт Каримӣ.
Пулиси Афғонистон қаблан хабар дода буд, ки бар асари таркиш дар Кобул, ки дар наздикии бинои вазорати умури хориҷаи Афғонистон ҳангоми талоши безарар гардонидани як маргталаб ба вуқӯъ пайваст, дасти кам шаш ғайринизомӣ кушта ва се сарбоз ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд.
Инфиҷор дар назди бинои вазорати хориҷаи Афғонистон дар Кобул
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар бинои маъмурияти шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон таркиш рух дод, ки бар асари он волии вилоят Муҳаммад Довуд Музмал ба ҳалокат расид.
Як бомбгузори маргталаб бо камарбанди мунфаҷира вориди бинои маъмурияти вилоят шуд ва худро дар ҳоле мунфаҷир кард, ки Музмал бо як ҳайати толибҳо, ки аз Кобул омада буд, музокира мекард.
Ин амали террористиро низ “ДОИШ”* бар дӯ гирифт.
* - созмон ё гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия