Дар Тоҷикистону Афғонистон боз замин ҷунбид

Зилзилашиносони Ӯзбекистон ахиран дар бораи сар задани се зилзилаи навбатӣ бо кувваи аз 3,9 то 4,2 бал ба кайд гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи маркази мониторинги пешгӯии зилзилаи Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон, дар давоми рӯз дар Тоҷикистон ва Афғонистон боз чанд маротиба заминларза рух дод.
Аввалин заминларза тақрибан соати 13:20 бо вақти Тошканд бо шиддати 3,9 бал ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилоои манбаъ маркази заминларза дар 510-километрии Тошканд дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ будааст.
Заминларзаи дуввум, ки шиддаттар буд 39 дақиқа пас аз заминларзаи аввал сурат гирифт ва шиддати он 4,2 балро ташкил дод. Маркази заминларза дар 538-километрии Тошканд дар Афғонистон воқеъ будааст.
Тахриби садҳо хона бар асари ҳаводиси табиӣ дар Афғонистон
Инчунин заминларзаи сеюм низ дар қаламрави Афғонистон соати 15:34 рух дод. Маркази зилзила ба шиддати 4 бал дар 532 километрии Тошканд ҷойгир будааст.
Дар ҳоли ҳозир, дар бораи талафот ва хисорот маълумоте нест.