Русия дар Белорус силоҳи ҳастаии тактикӣ ҷойгир мекунад

Раисҷумҳури Русия ахиран эълон кард, ки то 1 июли соли равон дар Ҷумҳурии Белорус анбори силоҳи ҳастаии (атомӣ) тактикӣ сохта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Маскав ва Минск дар бораи ҷойгир кардани силоҳи ҳастаии тактикӣ дар қаламрави Беларус ба мувофиқа расиданд, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Павел Зарубин дар шабакаи телевизионии "Россия 24".
"Аз 3 апрел мо ба омӯзиши сарбозон шурӯъ мекунем. Ва 1 июл мо сохтмони анбори махсуси нигаҳдории силоҳҳои тактикии ҳастаӣ дар қаламрави Беларусро ба итмом мерасонем", - гуфт кишвардори Русия.
Инчунин раҳбари Русия таъкид кард, ки кишвараш аллакай ба Белорус дар муҷаҳҳазсозии ҳавопаймоҳо кумак кардааст. Илова бар ин, ба Минск мушакҳои миёнбурди “Искандер” супурда шуд.
Путин қайд кард, ки силоҳҳо бидуни нақзи ӯҳдадориҳои дахлдори байналмилалӣ ҷойгир карда мешаванд.
Лукашенко гуфт, Беларус ҳеҷгоҳ душмани Русия нахоҳад шуд
Ба гуфтаи оқои Путин, сабаби ин иқдом эъломи Бритониё дар бораи интиқоли силоҳи дорои урониюм ба Украина мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Путин қайд кард, ки Белорус кайҳост, ки хостори ҷойгир кардани силоҳи ҳастаии Русия дар қаламрави худ мебошад. Вай афзуд, Маскав кореро анҷом медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида даҳсолаҳост, ки ба ин кор машғуланд.
"Мо интиқол намедиҳем. Ва Иёлоти Муттаҳида ҳам ба шариконаш намедиҳад. Мо, аслан, кореро мекунем, ки онҳо даҳсолаҳо онро анҷом медоданд. Мо низ ҳамин тавр мекунем, маҳз ҳамон чизест, ки Александр Григорьевич (Лукашенко) талаб кард", - гуфт президенти Русия.
Кишвардори Русия қайд кард, ки хумпораҳо бо уран, ки Ғарб ният дорад ба Киев интиқол диҳад, ба аслиҳаи қатли ом тааллуқ надорад, вале онҳо ба навъе ғубори радиоактивиро ба вуҷуд меоранд ва аз ин рӯ хеле хатарнок ҳисобида мешаванд.
Лукашенко: мушкили паноҳҷӯёни афғонистонӣ ва эронӣ барои Беларус ҷиддӣ аст
Ба гуфтаи ӯ, дар сурати истифода шудани онҳо, ҳатман майдони кишт олуда мешавад, ки ин ҳам барои сокинони маҳаллӣ ва ҳам барои муҳити зист хатар дорад.
Ёдовари мешавем, ки ахиран муовини вазири дифои Бритониё Аннабел Голди гуфт, ки Лондон ба ҷуз аз танкҳои Челленҷер-2 ба артиши Украина лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла хумпораҳои тонк дорои уран интиқол хоҳад дод.