Гардишгарии тиббӣ метавонад ҳамкориҳои Чувашистони Русия бо Тоҷикистонро тақвият диҳад

Мақомоти Тоҷикистон ният дорад бо Вазорати рушди иқтисод ва равобити амволи Чувашистони Русия ҳамкориҳоро тақвият диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Мақомоти Чувашистон ният дорад беморонро аз Тоҷикистон барои табобат дар ин ҷумҳурии Русия даъват кунад, иттилоъ додааст сомонаи ҳукумати Чувашистон.
Мақомот иттилоъ ин ҷумҳурӣ хабар додааст, ки барои ин кор дар нақша аст як агентии махсус ташкил карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи март як ҳайати Вазорати рушди иқтисодии Чувашистон ба Тоҷикистон сафар карда буд. Ин ҳайат дар форуми байниминтақавӣ иштирок дошт.
Ҳамчунин дар ин форум муовини нахуствазири Русия Дмитрий Краснов ширкат варзида ва дар бораи имконоти сайёҳии тиббӣ суханронӣ кард.
“Мо дар ин самт имконоти бузург дорем. Дар охири соли 2022 дар Чувашистон ҳафт ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба марказҳои тиббии ҷумҳурии муроҷиат кардаанд, 100 ҳазор нафар барои табобат ба ҷумҳурӣ омада, дар муассисаҳои тиббӣ тақрибан 220 млн рубл масраф карданд", - қайд кард муовини сарвазир Дмитрий Краснов.
Тоҷикистон ба интиқоли доруҳои Русия таваҷҷӯҳ дорад
Ба хайати Чувашистон инчунин директори филиали бемористони "Микрохирургияи чашм" ба номи академик Святослав Федоров Надежда Поздеева шомил буд. Ин яке аз даҳ филиали маркази тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.
"Аввали мохи март ман дар хайати вакилони Чувашистон дар Тоҷикистон будам. Дар соҳаи туризми тиббӣ мо метавонем технологияҳои баланди офталмологии худро, ки як вақтҳо худамон ихтироъ карда будем ва ҳоло на танҳо дар Русия, балки дар хориҷи кишвар низ истифода мешаванд, пешниҳод кунем”, - гуфт ӯ.
Хонум Поздеева қайд кард, ки онҳо инчунин барои фаъолияти таълимӣ иҷозатнома дорандва метавонем табибонро барои таҷрибаомӯзӣ даъват кунанд.
“Дар Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати тандурустӣ, бо ҳамкасбонони офталмологҳо вохӯриҳо барпо гардиданд. Мо ҳамдигарфаҳмӣ ва таваҷҷуҳи зиёдро ба чунин ҳамкорӣ дидем”, - гуфт Надежда Поздеева.