Аҳмадзода: Дар вилояти Суғд 859 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд

Дар вилояти Суғд дар давоми соли 2022 зиёда аз 151 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо 2820 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ахиран дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода бо соҳибкорон ва саноатчиён баргузор шуд.
Дар он таъкид гардид, ки соҳибкорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб рафта, ҳукумат ба рушди он аҳамияти хоса дода медиҳад.
Раҷаббой Аҳмадзода дар ин ҷаласа қайд кард, ки дар давоми соли 2022 зиёда аз 151 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо 2820 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Қоҳир Расулзода аз деҳоти аз зилзила зарардидаи Суғд дидан кард
Инчунин раиси вилояти Суғд изҳор дошт, ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд зиёда аз 121,1 ҳазор субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла 859 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.
Вай афзуд, соҳибкорони вилоят дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият намуда, дар фаъолияти худ технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсиониро ба таври васеъ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Раҷаббой Аҳмадзода илова кард, ки барои рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамаи шароитҳои зарурӣ, инфрасохтори мукаммал, захираҳои фаровони табиӣ, потенсиали кадрӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шудаанд.