ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамаи иштирокдорони конфронси серӯзаи СММ дар масъалаи обро ба Душанбе даъват кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Ба иттилои манбаъ, соли оянда ин чорабинӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
“Ҳамаи шуморо ба Конференсияи навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват менамоям”, - таъкид дошт, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти ин чорабинӣ.
Конфронси дуюми СММ оид ба масоили об пас аз 46 сол, инак таҳти роҳбарии кишвардори Тоҷикистон ва подшоҳии Нидерланд дар шаҳри Ню-Йорк давоми се рӯз идома кард.
Рӯзи 25 март конфронси ҷамъбастӣ сурат гирифт, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ зикр намуд, ки “об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам аст ва бинобар ин бо қудрати об тамоми ҷаҳон дар ин чорабинӣ ҷамъ омад.
Президент даъват кард, ки ҳамагон бояд дар атрофи муттаҳид шаванд ва набояд фурсати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба он аз даст равад.
“Ин се рӯз дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню-Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем", - таъкид дошт роҳбари давлат.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон субҳи 20 март барои анҷом додани сафари корӣ ба Амрико рафт. Ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, вазири энергетика ва захираҳои об, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.