Аз ғизо то масолеҳи сохтмонӣ: кумаки сокинони ду ноҳия ба зарардидагони Кӯҳистони Мастчоҳ

Феълан, мақомот ҳаҷми хисороти расида аз заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳро эълон накардаанд, вале сокинони ду ноҳияи вилоят ба зарардидагон кумак фиристодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Кумаки башардӯстонаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ барои деҳоти осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ равон шудааст.
Фитрати Ҳикмат, котиби матбуотии раиси ноҳияи Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки кумак аз 18 тон маводи ғизоӣ ва сохтмонӣ иборат буда, онро соҳибкорон ва нафарони саховатпешаи ноҳия ҷамъ намудаанд.
Ӯ афзуд, барои расонидани ин ёриҳо муовинони раисони ноҳия муваззаф шудаанд ва дар назар аст мошини ҳомили кумакҳо то фардо субҳ ба деҳоти Кӯҳистони Мастчоҳ расонида шавад.
"Кумакҳо аз 18 тонна маҳсулоти сохтмонӣ ва озуқаворӣ, аз ҷумла 6 тон семент, 300 дона шифер, 4 кубометр чӯбу тахта, 500 кг биринҷ, 600 литр равған, беш аз 300 кг макарон, 500 кг сабзӣ ва 500 кг пиёз иборат мебошанд”, - зикр кард Ҳикмат.
Ҳамзамон рӯзи 24 мартаз ноҳияи Айнӣ кумаки башардӯстона иборат беш аз 5 тон маводи ғизоӣ аз қабилӣ орду биринҷ, равған ва гушту сабзиву пиёз ва дигар ашёи зарурӣ ба мардуми аз зилзила зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас карда шуд.
Иноятулло Бурҳонзода, муовини раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ҳамзамон раиси ситоди ноҳиявӣ оид ба бартарафсозии паёмади заминҷунбӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар умум ҳафт деҳоти ноҳия аз шиддати заминларза зарар дидаанд.
Хоб будем, замин ҷунбид: Эҳсосоти сокинони Суғд аз зилзилаи ахир - видео
"Барои маълум намудани ҳаҷми хисорот зимнан се гурӯҳи кор: ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ корбарӣ доранд. Қарор аст, то бегоҳи рӯзи 25 март ҳаҷми хисорот маълум карда шавад”, - гуфт раиси ситод.
Шаби 22 ба 23 март бар асари заминларза чанд деҳоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зарар дид.
Бино ба гуфти мақомоти КҲФ дар пайи рухдоди ин ҳодиса чандин хонаи истиқоматӣ ва иншооти сокинон аз ҷумла оғилхонаҳо фурӯ рехта, чандин сар чорво талаф шудаанд. КҲФ аз осеб дидани се сокини ноҳия гузориш дод.