ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои гарму бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм пешгўӣ мегардад.
Ҳавои вилояти Суғд низ тағйирёбанда буда, бод бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Шабона ҳаво 5-10 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ чунин вазъи ҳаво дар назар аст. Ин ҷо рӯзона 24-29 ва шабона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9-11 ва рӯзона 16-19 дараҷа гарм мешавад.