Сафири Русия дар Тоҷикистон: Ғарб ҳадафи нобудсозии Русияро пинҳон намекунад

Ба гуфтаи дипломат, Тоҷикистон рӯйдодҳои таърихиро одилона арзёбӣ мекунад ва ба гузаштаи муштарак бо Русия бетараф нест, ки чорабиниҳои муҳим далели ин аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Тадбирҳои пешгирикунандаи роҳбарияти Русия бар хилофи мавқеи тарафдории миллатгароҳои мамлакатҳои Ғарб ба нигоҳ доштани соҳибихтиёрии на танҳо ФР, балки дустони сершумори он дар тамоми чаҳон мегардад.
Дар ин бора Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаи тадорукоти "Ғалаба" дар Душанбе изҳор дошт.
"Ғарб мавқеъи тарафдори фашистиро ҷонибдорӣ менамояд ва пинҳон намекунад, ки вазифаи он аз байн бурдани Русия ба унвони як давлат аст. Бо вуҷуди ин, кишвари мо бар хилофи пешгӯиҳои душманон, дилпурона ба роҳи худ идома медиҳад", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин гуфт, ки дар Тоҷикистон ба рӯйдодҳои таърихӣ баҳои одилона медиҳанд, ба гузаштаи умумӣ бетараф нестанд, далели он чорабиниҳои ҳарсолаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар ҷумҳурӣ баргузор мешаванд.
Лавров: Ғарб бояд сахт талош кунад, то боварии Русияро ба даст орад
Дар Душанбе ба муносибати омодагии чорабиниҳо ба таҷлили 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷаласаи кумитаи тадорукоти “Ғалаба” баргузор шуд.
Дар он роҳбари намояндагии Россотрудничество Иван Иванов, намояндагони атташеи низомии сафорати Русия, пойгоҳи низомии 201-ум, Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои собиқадор ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Русия иштирок доштанд.