ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Кобинаи вазирони Русия барои президент Владимир Путин "муҳимтарин қонун"-ро омода мекунад, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи муҳоҷират муайян мекунад.
Дар ин бора нахуствазир Михаил Мишустин зимни як гузориши солона дар Думаи давлатӣ изҳор дошт.
Илова бар ин, ӯ афзуд, ҳукумат як қатор пешниҳодҳоро барои такмили сиёсати муҳоҷират барои пешниҳод ба сарвари давлат омода мекунад.
"Барои ҳалли самараноки вазифаҳои ба миён гузоштаи президент тамоми фикру ақидаҳоро ба инобат гирифтан лозим аст", - гуфт Мишустин.
Ӯ эълом дошт, ки мақомот барои ҳадди аксар ба шакли электронӣ гузаронидани расмиёти гирифтани шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷати иҷозаи иқомати (ВНЖ), ҳуҷҷатҳои расмиёти кор ба таври фаврӣ чораҳо меандешанд, то ба мардум роҳаттар шавад.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки афзоиши шаффофияти расмиёти маъмурии марбут ба муҳоҷират назорати муассиртарро таъмин карда, ба амнияти миллии Русия таъсири мусбат мерасонад.
Мавсуф қайд кард, ки ин расмиёти маъмурӣ бояд то ҳадди имкон сода, рақамӣ карда шаванд ва фаҳмову дастрас бошанд.
Илова бар ин, Путин дар бораи зарурати арзёбии ҳамаҷонибаи соҳаи муҳоҷират изҳори назар кард: “бояд муаян кард, ки барои кадом мутахассисон, дар кадом минтақа ва соҳаҳо талабот хос аст, онҳо бояд чӣ гуна салоҳиятҳоро дошта бошанд, ба сатҳи таҳсилоти онҳо чӣ талаботҳо лозиманд ва маданияти умумӣ".