Курраи заминро буҳрони об дар оғуш гирифт: Аксҳои ҷолиб

Беш аз 40% аҳолии ҷаҳон аз норасоии оби ошомиданӣ азият мекашанд. Мушкилот дар СММ солҳои зиёд баррасӣ мешавад. Имсол созмон дар ин мавзуъ конфронсбаргузор кард
Sputnik
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Конфронси СММ оид ба захоири об шуд, ки аз 22 то 24 март дар Ню-Йорк ҷараён дорад.
Кишвардори Тоҷикистон зимни суханронии худ дар бораи масъалаи муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти об таъкид кард.
Раҳбари Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки камбуди об ба тағйири иқлим рабт дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ин мушкил ба саломатии мардум, устувории экологӣ, дастрасӣ ба ғизои солим ва захираҳои табиӣ таъсири манфӣ мерасонад.