Афзоиши теъдоди захмиёни заминларза дар Тоҷикистон

Ба иттилои КҲФ, дар ин минтақа даҳҳо сар чорвои сокинон кушта, биноҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва роҳҳо қисман осеб дидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон теъдоди захмиёни заминларза дар шимоли кишварро мушаххас кардааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфӣ хабар дод.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи офати табиӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ қурбониён ба қайд гирифта нашудаанд, се сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд, ки ду нафари онҳо мард ва яке зан аст", - гуфт Юсуфӣ.
Вай афзуд, ки дар ин минтақа даҳҳо сар чорво кушта, биноҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва роҳҳо қисман осеб дидаанд.
Осеби ду сокин ва талафоти даҳҳо сар чорво дар Кӯҳистони Мастчоҳ бар асари заминларза
Ба гуфтаи Юсуфӣ, хонаводаҳое, ки хонаҳояшон бар асари ҳаводис осеб дидааст, ба ҷойҳои амн кӯчонида шуда, дар зудтарин фурсат масолеҳи сохтмонӣ, ғизо ва дигар лавозимоти зарурӣ ба онҳо интиқол дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шаби 23-юми март як силсила заминларзаҳо рух дод, ки бар асари он дар вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва коммуналӣ осеб диданд.
Пас аз ҳодисаи изтирорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як комиссияи вижае таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода таъсис дод.