ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон беш аз 2 млрд сомонӣ (186,1 млн доллар) сармоягузорӣ ба сармояи собит истифода шудааст, иттилоъ додааст Агентии омори Тоҷикистон.
Ин омор тамоми манбаъҳои маблағгузориро дар бар мегирад.
Ҳамин тариқ, ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6% афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тавр дар давраи муайяншуда аз рӯи иншооти тавлидотӣ ба маблағи 1,2 млрд сомонӣ ё худ 60,3 фоиз сармоя азхуд карда шуд.
Дар иншоотҳои ғайриистеҳсолӣ дар Точикистон сармоягузорӣ ба маблағи 806,3 млн сомонӣ ё худ 39,7% аз ҳаҷми умумии сармоя азхуд карда шуд.
Ҳамчунин дар бахши сохтмони иншооти энергетикӣ – 727,2 млн аз худ карда шудааст.
Ҳаҷми сармоягузориҳои азхудшуда дар ин бахш нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли гузашта 22,5% кам шудааст.
Дар наклиёт ва алока 376,2 млн сомонӣ маблаггузорӣ ба сармояи асосӣ азхуд карда шуд.