ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik.Тоҷикистонро боз шаби 22 ба 23 март заминларзаи шадид такон дод, ки ин бор марказаш дар шимоли Тоҷикистон буд.
Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ он соати 01:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст, хабар дод сухангӯи КҲФ Умеда Юсупова ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, заминларза дар 132 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 50 километр шимолу ғарб аз минтақаи Рашт, 30 километр шимолу ғарб аз ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ будааст.
"Маркази заминларза 6-7 километр шимол аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Мастчоҳи кӯҳии вилояти Суғд буда, шиддати он 5-6 баллро ташкил дод", - афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки шиддати ларзиш дар шаҳри Душанбе 3-4 балл, ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ 4-5 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва дар ВМКБ 2-3 баллро ташкил дод.
Тибқи маълумоти гирифташуда аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Ин дуюмин ҷунбиши шадид тайи ду рӯзи ахир буд.
Шоми 21 март низ дар шимолу шарқи Афғонистон заминларзаи шадид ба 6,5 дараҷа рух дод. Дар натиҷа дар Покистон 9 нафар ба ҳалокат расида, 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Илова бар ин, дар Афғонистон 2 нафар ба ҳалокат расида, 44 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ мардум пас аз сар задани заминҷунбӣ аз хонаҳо берун баромада, то бевақтии шаб аз тарс вориди хона нашуданд.