Вазири хориҷаи Эрон ба Русия меравад

Вазири хориҷаи Эрон дар пойтахти Русия бо ҳамтои русаш масъалаи Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро баррасӣ хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Вазири хориҷаи Эрон Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ба Русия сафар хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузори РИА “Новости” дар истинод ба ВУХ-и Русия.
Ба иттилои манбаъ вазири хориҷаи Эрон бо ҳамтои русаш Сергей Лавров масълаи вазъи Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро баррасӣ хоҳад кард.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ тарафҳо барномаҳои энержиро низ баррасӣ хонад кард.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Эрон аз оғози музокироти ҳайатҳои тиҷорӣ Русия дар Теҳрон хабар дод. Мақомот мгӯяд ҳадафи он боло бурдани равобити иқтисодӣ мебошад.
Эрон мехоҳад ҳамкориҳоро бо Русия дар заминаи рушди технология тақвият диҳад
Мақомоти ду кишвар барои таҳкими равобит ба вижа дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, энержӣ, транзит ва ҳамчунин ҳамкориҳои чандҷониба ва минтақавӣ ҳамонанди Созмони Ҳамкории Шанхай ва БРИКС талош дорад.
Эрону Русия кишвар дар ҳоли густариши таҳримҳо бар зидди ду кишвар ва фишорҳои иқтисодии ғарб маҷбур шудаанд роҳҳои густариши амкориро пайдо намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран дар дидор бо Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар ҳошияи иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Ӯзбекистон аз вуруди ин ҳайатҳои тиҷорӣ ба Теҳрон хабар дода буд.