Толибҳо дар бадбахтиҳои Афғонистон Ҳиллари Клинтонро айбдор карданд

Собиқ бонуи аввали Амрико гуфт, ки ҳоло духтарон бояд аз таътил ба мактаб баргарданд, аммо мақомот танҳо ба писарон иҷоза медиҳанд, ки таҳсил кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Толибҳо собиқ бону аввали Амрико Ҳилларӣ Клинтонро дар нигаронии риёкорона аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон муттаҳам карданд.
Тавре собиқ хонуми аввали Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, дар ҳоли ҳозир духтарон бояд аз таътил ба мактаб баргарданд, аммо мақомоти кишвар танҳо ба писарон иҷоза додааст, ки таҳсил кунанд.
"Шумо дар кишвари мо 700 миллион доллар сарф кардед, то ба занону духтарони мо тақрибан 140 ҷинсҳои мухталифро омӯзонед. Тааҷҷубовар нест, ки шумо [ба Доналд Трамп] мағлуб шудед", - навиштааст дар шабакаҳои иҷтимоӣ Шӯбаи дафтари толибҳо дар умури равобит бо ҷомеа.
Ҳамчунин, мақомоти феълии Афғонистон сиёсатмадори амрикоиро ба "бетартибиҳои комил", дар Афғонистон муттаҳам карданд.
Изҳороти ҷадиди Латиф Пидром дар бораи роҳбарони Афғонистон ва низоми федералӣ
Ёдовар мешавем, ки пас аз ба қудрат расидан толибҳо таҳсили духтарон дар мактаб мамнуъ шуд. Дар моҳи декабри соли 2022 Вазорати таҳсилоти олӣ гирифтани маълумоти олӣ ба занонро мамнӯъ эълон кард.