ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. То охири асри 21 шумораи пиряхҳо дар ҷаҳон метавонад сеяк баробар кам шавад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни нишасти "Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, ин раванд махсусан дар ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад.
"Танҳо дар 50 соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 1000 пирях комилан об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар тақрибан сеяк баробар кам шудааст", - гуфт ӯ.
Раҳмон қайд кард, ки дар ҳамин давра нишондиҳандаи оби тоза ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон 2,5 маротиба ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ 4 баробар коҳиш ёфтааст.
Сарвари давлат ба ин муносибат ба талошҳои густурда, пайгирона ва ҳамоҳангшуда барои паст кардани ҳарорати миёнаи ҳаво даъват кард.
Вай ёдовар шуд, ки соли 2025 Тоҷикистон мизбони Конфронси байнулмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад шуд. Худи ҳамон сол бо ташаббуси Раҳмон “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон мешавад.