Олмон зимистони оянда ба норасоии газ рӯбарӯ мешавад

Ниҳоди идоракунандаи Олмон эълон кардааст, ки кишвар зимистони оянда метавонад ба норасоии газ рӯ ба рӯ шавад ва аз мардум хоҳиш кард сарфакориро намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Олмон метавонад дар зимистони оянда бо камбуди газ рӯбарӯ шавад ва ширкатҳо ва хонаводаҳо маҷбур хоҳанд шуд, ки истеъмоли худро боз ҳам камтар кунанд, то аз норасоӣ пешгирӣ намоянд, гуфт Клаус Мюллер, раиси Оҷонсии федеролии шабакаҳои Олмон.
Тавре Мюллер ба Financial Times гуфтааст, бӯҳрони энержии Олмон "ҳанӯз ба охир нарасидааст" ва бисёр чиз аз он вобаста аст, ки оё зимистони оянда нисбат ба гузашта сардтар хоҳад буд ё на.
"Хатари камбуди газ то ҳол вуҷуд дорад. Ин бештар аз он вобаста аст, ки оё мо минбаъд низ истифодаи газро маҳдуд мекунем ва интиқоли онро аз кишварҳои мухталиф ба Олмон таъмин кунем. Инҷо ҳам хатарҳо вуҷуд доранд.", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи раиси танзимгари олмонӣ, чунин хатарҳо эҳёи иқтисоди Чинро дар бар мегиранд, ки суръати барқарории он “аз пешгӯии бештар” суръат гирифт, ки боиси афзоиши талабот ба газ шуд ва метавонад “ба нарх” таъсир расонад.
Олмон бегуноҳии Русияро дар ҳамалоти террористӣ дар Маҷрои Шимолӣ эътироф кард
Инчунин, ба гуфтаи Мюллер, зимистони солҳои 2023-2024, барои Олмон аввалин фасли зимистон хоҳад буд, ки будни гази лӯлаии Русия онро сипарӣ хоҳад кард, дар ҳоле ки "ин ва ё соли оянда афзоиши назаррас дар интиқоли ҷаҳонии гази моеъ дар назар нест".
Мюллер кайд кард, ки ба шарофати иқдомҳои корхонаҳо ва хоҷагихо энергия хеле зиёд сарфа шуд ва дар ин зимистон саноат нисбат ба солҳои пеш 20% камтар газ сарф кард. Аммо, ба андешаи ӯ, имкон дорад сарфа боз ҳам бештар шавад.
"Ман фикр мекунам, ки мо метавонем ва бояд барои сарфаи газ бештар кор кунем, - гуфт ӯ.
Мюллер қаблан даъват карда буд, ки анборҳои газ дар ин баҳор ва тобистон бояд пур карда шаванд.