ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Маркази зилзиласанҷии аврупоӣ “Медитиронаи” шомгоҳи се шанбе эълом кард замини ларзае бо қудрати 6,8 дар миқёси амвоҷи дарунии замин (риштер) манотиқи мухталифи шимоли шарқи Афғонистонро ларзонд.
Дар ҳамин ҳоли манобеи покистонӣ эълом карданд зилзилае бо қудрати 7,7-и риштери кӯҳҳои Ҳиндукушро ларзонд, ки дар иёлоти Хайрпахтунхво ва шаҳрҳои Исломобод, Кувайта, Пишовар ва манотиқи Кашмир таҳти кантроли Покистон эҳсос шудааст.
Дар Тоҷикистону Ӯзбекистон низ эҳсос шуду ваҳшати шаҳрвандонро ба дунбол дошт.
Доктор Шарофат Замонӣ, сухангӯии вазорати сиҳҳати омма толибон гуфт дар асари зилзила, як нафар дар вилояти Лағмон ва ду тани дигар дар вилояти Тахор ҷон бохтанд.
Вай афзуд дар саросари Афғонистони 44 захмӣ низ гузориш шудааст.
Ба гуфта вай ин омор ибтидоӣ аст.