ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти корӣ таҳти унвони “Об моро муттаҳид мекунад” суханронӣ кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Кишвардори Тоҷикистон барои ширкат дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об феълан дар Ню-Йорк қарор дорад.
Ӯ зимни суханронии худ таъкид кард, ки масъалаи муттаҳид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти об аҳамияти бештар пайдо мекунад.
"Об ҳамчун манбаи аслии ҳаёт бар асари таъсири тағйири иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, шаҳрнишинӣ ва дигар омилҳои таъсиргузор ба он таҳти фишори шадид қарор дорад", - гуфт раҳбари Тоҷикистон.
Барои баргардонидани ин тамоюл дар тамоми сатҳҳо чораҳои фаврӣ зарур аст, афзуд ӯ.
Раҳмон ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод, ки дар акси ҳол саломатии мардум, устувории экологӣ, дастрасӣ ба ғизои солим, манобеъи табиӣ зери хатар қарор мегирад.
"Маҳз ба ҳамин хотир кишвари мо дар ду даҳсолаи охир масъалаҳои марбут ба обу иқлимро устуворона пеш бурда, дар рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ нақши муассир мебозад", - гуфт президент.
Вай ёдовар шуд, ки дар ин муддат бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ дар ин мавзӯъ 9 қатънома қабул кардааст. Ҳадафи онҳо муттаҳид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда вобаста ба об мебошад.