Раҳмон подшоҳи Нидерландро ба Тоҷикистон даъват кард

Конфронси оби СММ, ки ҳоло дар шаҳри Ню-Йорк идома дорад, таҳти раисии кишвардори Тоҷикистон ва подшоҳи Нидерланд сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси оби СММ бо подшоҳи Нидерланд мулоқот карда, ӯро бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард .
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дода, афзуд, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Виллем Александр рӯзи 22 март сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мавқеи кишварҳо дар ҳалли мушкилоти глобалии об, гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо ва пешгирию бартарафсозии офатҳои табиии марбут ба об, табодули андеша карданд.
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон Ню-Йорк
Илова бар ин, натиҷаҳои ҳамкории ду кишвар давоми 30 сол дар соҳаи муҳим, аз қабили сиёсату иқтисод, фарҳанг, кишоварзӣ, маориф ва сайёҳӣ муҳокима гардид.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақим миёни Тоҷикистону Нидерланд муҳим арзёбӣ карда, ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт,энергияи сабз, коркарди захираҳои табииро баррасӣ карданд.
Манбаъ меафзояд, пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури роҳбарони ҳар ду кишвар Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Нидерланд ба имзо расид.