Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират дар вилояти Тула пешсаф шуд

Тибқи омор, теъдоди воридшудагон аз Тоҷикистон бештар аз теъдоди хориҷшудагон аз минтақа беш аз 31 дарсад аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ҷараёни муҳоҷиратро дар вилояти Тула асосан шаҳрвандони Тоҷикистон, Украина, Арманистон ва Ветнам таъмин мекунанд.
Дар ин бора маълумотҳои Туластат барои соли 2022 шаҳодат медиҳанд, хабар медиҳад портали Tula News.
Ҳамин тариқ, ҳудуди 31,5%-и муҳоҷироне, ки вориди Тула гардидаанд ба Тоҷикистон рост меояд.
Тибқи омор, дар поёни сол ҳудуди ҳазор нафар аз ин минтақа хориҷ шуда, дар соли 2021 беш аз 3,9 ҳазор нафар омадаанд. Гуфта мешавад, ки танҳо дар мавриди Тоҷикистон теъдоди омадан бештар аз шумори хориҷшудагон аст.
Путин даъват кард, ки назорати муҳоҷират пурзур карда шавад
Муҳоҷирон аз Украина 24 %, Арманистон 13,3 %, Ӯзбекистон 8,7 %, Молдова 5,3 %, Қирғизистон 5 % -ро ташкил додаанд.
Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия гуфта буд, шумори хориҷиёни ихроҷ шуда ва депортшуда дар соли гузашта беш аз 2,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Онҳое, ки иҷборан қаламрави Русияро тарк кардаанд, дар ин кишвар ҳузуриғайриқонунӣ доштанд ва ё қонунҳои муҳоҷиратро нақз кардаанд.