Си Ҷинпин Раҳмонро ба Чин даъват кард

Раҳбари Чин дар табрикоти худ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бар аҳамияти равобит бо Душанбе ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Чин даъват кардааст.
Дар ин бора аз табрикоти ирсолӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Наврӯз маълум шуд.

"Аз иштироки шумо дар саммити якуми “Чин ва Осиёи Марказӣ” ва боздиди шумо аз Чин бо сафари давлатӣ дар моҳи майи соли равон истиқбол менамоям",- гуфтааст Си Ҷинпин.

Вай таъкид кард, ки интизор дорад, на танҳо равобити Пекину Душанбе, балки бо тамоми минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ кунад.
Пешгӯии вазири тоҷик дар мавриди афзоиши ҳаҷми додугирифт бо Чин
"Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд медиҳам", - таъкид кард раиси ҷумҳури Чин.
Ӯ аз нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар моҳи сентябри соли 2022 ёдовар шуд, ки дар он раҳбарони Чин ва Тоҷикистон тавонистаанд “як қатор тавофуқоти муҳим ба даст оранд, ки аз самти мушаххаси рушди минбаъда шаҳодат медоданд”.