ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба муносибати фарорасии Наврӯз сокинони кишварро табрик гуфт.
"Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзамонро ба муносибати ҷашни Соли нав - Наврӯзи байналмилалӣ - ойини баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат самимона табрик мегӯям", - омадааст дар хабари дафтари матбуоти раҳбари кишвар.
Вай таъкид кард, ки нақши ҷашни бостонии баҳору кишоварзӣ бахусус “дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молӣ, тағйири иқлим ва паёмадҳои он – хушксолиҳои пай дар пай” намоён аст.
Раҳмон мутмаин аст, ки “Наврӯз арзишҳои таҳаммулпазирӣ, шаъну шараф ва эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ, сулҳу ваҳдатро таъйид мекунад”.
Маҳз ба ҳамин хотир, ба гуфтаи ӯ, ин ҷашни бостониро хурду бузурги мардум, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ, бо шодиву нишот ва дастҷамъона таҷлил мекунанд.
Илова бар ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ёдовар шуд, ки дар шароити душвори ҷаҳони муосир шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд сарфакор бошанд.
Ёдовар мешавем, ки кишвар дар Наврӯз то 26 март истироҳат мекунад. Дар тамоми минтақаҳо ҷашну маросимҳо, барномаҳои рангини фарҳангӣ ва мусобиқаҳо дар назар аст.