ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Далер Назаров ҳунармандест асил-инро вақт исбот намудааст, ӯ файласуф аст, ҷойи шубҳае нест.
Касе, ки бо санъати волои ин овозхони шинохта ошносту солиёни зиёд эҷодашро гӯш мекунад, ба хубӣ медонад, ки суруди ӯ фаротар аз он аст, ки мегӯянд ва ӯ хоксортар аз он, ки менавишанд.
Назаров иқрор мешавад, ки фақат “худро инсони зинда,басо зинда” ҳис мекунад. Ин аст ҷавоб ба бисёр саволҳо ва ҳам ба муаммои ғайриоддӣ будани ӯ.
Дар зиндагӣ доштани мақоми “устод” ва “афсона”–и зиндаи эстрадаи тоҷик будан -бори гароне ҳам ҳаст ва ин қолаб барояш бегона аст.Номи баланд-ин фақат восита аст.Муҳимтар он аст,ки кай он ба касе дар соату лаҳзаи лозима кӯмак расонида метавонад,-ҳатто барои ҷузъиёти хурдтарин бошад ҳам.
Дар бораи ин ҳама, ва боз бобати мусиқӣ, аз болои худ кор карданҳо, дар бораи ишқу муҳаббати бастакор ва овозхон -дар мусоҳибаи ихтисосии Sputnik Тоқикистон.
Муҳаббат ба тамошобин
Садои нафис, овози хастанашавандаву ҳассоси ҳунарманд дар ҳар барномаи консертӣ ҳамнафаси Далер Назаров мебошанд.
Бори аввал дар чанд соли охир дар Русия консертҳои овозхон боз баргузор гардида истодаанд.
Ин паёмест пурсурур на фақат барои ҳамватанону дӯстдорони сурудҳояш, ки намояндагони бисёр халқу миллатҳоянд, балки - навидест барои худи ҳунарманд ҳам.
Дар консерти дар Маскав дар соли сипарии 2022 баргузор намудааш ба тамошобинаш тӯли се соат боз ҳам манзумаи муҳаббат ба хонаи худу ба ҷаҳон хонд.Ва ин манзума дар як нафас -гоҳе бо шӯру шарари ҷавонӣ,гоҳи дигар орому фоҷиабор –садо медод.
Ҳам акнун, дар остонаи иди қадимаву шарқии Наврӯз, ҳунарманд дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург барномаҳои нав тақдим дорад.
”Вохӯрӣ бо тамошобин –неъмати бузург аст.То он даме,ки ба он омодагӣ мебинӣ,бисёр ба худ савол медиҳӣ–ин барои чӣ даркор, барои чӣ лозим”,-гуфт Далер Назаров
Ӯ пинҳон намедорад, ки ташвишҳои ташкилӣ ҳама вақт қувваи зиёдро талаб мекунанд. Аммо, чун дар саҳна чароғҳо фурӯзон мешаванд ва кори баландгӯяку таҷҳизоти мусиқиро соатҳо ба танзим медароранд, ҳама чиз аз нав оғоз мешавад.Ҳатто агар назди тамошобин маротибаи ҳазорум мебаромада бошӣ ҳам.
“Инсоне ҳамаи кору бори худ, ташвишу саргармиҳои худ-бо ончӣ, ки ҳамарӯза зиндагӣ дорад-як сӯ гузоштаву вақти худро қурбон намуда,ба толор меояд,то ба олами мусиқӣ ошно шавад ё худ ин мусиқиро аз диди ҳунарманд бипазирад,“- зикр менамояд Назаров.
Ба гуфти ӯ,вақте дар толор садҳо тамошобинанду ҳар яке қисмати худро дорад -ин чиз ҳассосияте ё худ бо иборае “эҳтироми бузург” нисбати ҳозирин аст.
Барои ҳунарманд он чиз низ муҳим аст,ки вақте ба сафари ҳунарӣ мебарояд, доимо сари он ҳамватанонаш андеша меронад, ки солиёни зиёд дур аз ватананд.Охир,барои фарзандони онҳо нигоҳ доштани решаҳои фарҳангии худ заруранд.
Умуман, ба ҳунарманд мавзӯи ваҳдати миллӣ хело наздик аст.Ин шигифтовар ҳам нест. Зеро дар Иттиҳоди шӯравӣ таваллуд шудаасту ба камол расидааст ва он замон мафҳуми дӯстии халқҳо –ҳақиқати зиндагӣ буд.Махсус қайд менамояд, ки Маскав барояш, чун дар замони пеш, пойтахти ватани ягона боқӣ мондааст,кадоме ки дар ӯ ҳаргиз “тақсим нахоҳад шуд”.
Ҳунарманд ба саволи он, ки сирри фаҳмову наздик будани сурудҳояш бе истисно- ба ҳама, дар чист, гуфт:
”Ман барои Худо мехонам. Ӯ бошад, чунин меҳисобам, ки барои ҳама яккаву ягона аст. Вақте бори аввал дар ҳаётам ноустуворонаву беҳунарона суруд мехондам, аввалин муроҷиат ба ӯ буд”, - зикр менамояд Далер Назаров.
Ва илова менамояд:ҳаргиз мақсади онро, ки“барои ин ё он толор ва ё дасткӯбиҳояшон” кор кунад,надошт.Барои ҳамин тамошобини пештарааш бо ӯ монд.
“Вақте суруд мехонам, ба ҳама муроҷиат дорам.Ман на барои тоҷикон,на барои пормириҳо,на барои дӯстон мехонам.Ман якбора барои офтоб мехонам-офтобе,ки ба ҳама яксон нуру равшанӣ мебахшад,”-таъкид менамояд ҳунарманд.
Ҳақиқати овоз
Қариб чиҳил сол аст,ки садои марғуладори Далер Назаров дар саҳна якгуна садо медиҳад. Ба суоли он, ки ин маҳорат аст ё истеъдод, фикр нокарда ҷавоб медиҳад.
Агар гӯям, ки ин неъмат нест, носипосӣ нисбат ба табиат, офаридагор, инсоният ва таърих мешавад. Бинобар ин,мегӯям,ки ин ҳадя муаммоест,ки худам низ мехостам ки онро кушода тавонам”, - таъкид кард Далер Назаров.
Маълум шуд, ки чунин ҳадя дар ҳунарманд на ба якборагӣ аз худ дарак додааст. Паси он осон намуданҳо ҷустуҷӯйҳои дурудароз нуҳуфтаанд. Далер Назаров шогирди сарояндагони опера ҳам буд,дар кишварҳо мегашт,то “роҳату оромӣ”барои садояш ёбад.
Ӯ иқрор мешавад, ки барои ин соли бисёр сарф кард,зеро пештар худро беистеъдод меҳисобид.Пештар,вақте суруд мехонд,фаҳмиданаш лозим моамад,ки чӣ гуна бояд хонад, ки хуб хонад.Барои дарки ин чиз тамоми умраш сарф шуд.
“Ба ман душвор буд.Аз бисёр санҷишҳо гузаштан лозим омад.Дар ин бора гуфтан лозим.Агар Далер Назаров ягон чизи арзишманд дошта бошад,ин фақат таҷрибаи зиндагии ӯст.Ман худ маҳорати зиндаам,”-мегӯяд ҳунарманд.
Аён гашт,ки ҳунармаманд худро дар яккахонӣ фақат чанде пештар“бештар кушоду осуда” ҳис мекардагӣ шуд. Дар паи ин, ҳиссиёташ ҳангоми иҷрои суруд афзун гашт.
“Гумон дорам,ки то он даме, ки гуфтание дар дил дорам,овозам садо хоҳад дод, суруд хохам хонд.Ва на ба хотири он,ки то кадом дараҷа ман устоди касби худам.Барои он мехонам, ки суруд бозгӯи эҳсосоту ҳиссиёти ман аст”
Эҳсосоти ҳунарманд бошад зиёд аст.Дилбастагиашро ба саҳна аз кайфияту эҳсосоти ҳақиқӣ ба рӯйдодҳои зиндагӣ,ба таассуроти худ ба онҳо марбут медонад.
Ва мегӯяд, ки Назаров-нафақат инсонест, ки бо гитор ҳамнишин аст,балки онест,ки вориди нақш мешавад ва ҳар дафъа ба образҳои гунногун медарояду ҳар яки онҳоро аз равзанаи дил мегузаронад.
“Ин лаҳзаҳоеанд,ки аз онҳо зиндагӣ иборат аст.Ман ҳунарманди театр нестам,ба маънои томаш он ҷо ”мефароям”.Дар саҳна нохалафро чун нохалаф,разилро чун разил, бадрашкро чун бадрашк нишон медиҳам,”-иқрор мешавад ӯ.
Мусиқии дарозои умр
Беш аз 20 сол аст, ки дар репертуари Далер Назаров мавқеи меҳвариро суруди “Чаки чаки борон”дорад.Ороиши ин суруд шакл дигар намудааст,лекин ҷозибаи ин суруд ҳамоно тасхиркунанда аст.
Илова бар ин, ин суруди Далер Назаров барои бисёриҳо ба таври ғариоддӣ тақдирсоз ҳам гаштааст.
Назаров таърихи муҳаббати як ҷуфт оиларо аз шаҳри Алма-ато ба ёд меорад.Ин оила расман солиёни зиёд бо ҳам мезистанд ва танҳо таҳти навову садои ин суруд ба якдигар, ба маънои томаш дил бастанд.Ин гуна мисолҳо бисёранд.
“Дар оғоз дар бораи роҳгузаре мехондам, ки аз борони сел зери соябоне паноҳ бурдаву тамомшавии онро интизор.Борон бошад мебориду меборид ва он лаҳзаҳо,чун дар навори синамо,тамоми зиндагиаш як-як аз пеши назараш гузашт”.
Акнун ин суруд метавонад ором ва ё паст садо диҳад, дар шакли аввал бошад баланд садо медод.Ҳар иҷроиши нави “Чаки чаки борон”таърихи онро дигар месозад.
Бастакор иқрор мешавад, ки аз як садодиҳӣ то дигараш домони суруд “бозтару фаротар” мегардад ва тарзи баёни тамоман нав лозим меояд.
“Тавассути ман муаллифи ин суруд Мақсудшо Имадшоев мехонад, Мақсудшое, ки ин сурудро офаридаву коргардонӣ намуда ва ба мусиқии ман ин навову ин шаклеро дод. Мақсудшо дар суруди ман аст,”-мегӯяд бастакор.
Назаров илова месозад, ки мусиқӣ-роҳи росту наздиктарин ба қалби инсонҳост.Ва ягона мафҳуми абстрактиест,ки ба олами воқеии мо роҳ ёфта.
Мусиқӣ то он дараҷа бидуни сарҳаду шакл асту озод аст,ки метавонад гоҳе суруди оддиву хостанӣ бошаду гоҳе ба эҷоди бузург табдил ёбад.
“Гумонам,мусиқӣ-ин яроқи тавонотарин аз ҳама чунин воситаҳои мавҷуда мебошад.Зеро худро батамом ба инсон мебахшад”.
Барои инсон мусиқӣ-баёнгар аст, воситаест, ки тавассути он метавонад дар бораи халқаш-ҳатто аз он ном набурда-нақл намояд. Сохтори мусиқӣ ё худ композитсия бошад ин амалро “бемайлон, ғайрииҷборӣ, равон”месозад.
Ва боз ҳунарманд илова месозад, ки мусиқиро бояд ба таври васеъ аз кӯдакӣ омӯхт.
“Табиатан кӯдак аз ягон чиз вобастагӣ надорад ва мусиқӣ ба ӯ озод будан, худро фаҳмидан, худро дарёфт намуданро меомӯзад,”-чунин меҳисобад Далер Назаров.
Дард ва шӯҳрат, ишқ ва дӯстӣ
Чун барои инсоне,ки дар мазҳари ом аст, муносибати ҳунарманд ба шӯҳраташ яксон нест.Бо ин ҳама,ба назар-парҳезгории тинат,дар саҳна ҳунарманд аз он мегӯяд,ки паймудани роҳ “таҳти кафкӯбиҳо” барояш осон нест.
Ҳарчанд ба шӯҳрат муносибати бепарвоёна дорад, шӯҳрат дар зиндагӣ ҳамсафари доимии ӯст.
Назаров иқрор мешавад:то он даме ки дар рӯзи таваллудаш шахсони барояш аз ҳама азиз- модару дӯсти наздикаш,мусиқинавоз ва бастакор Фирӯз Халиловро - аз даст надод, муносибаташ ба шӯҳрат ин гуна буд.
“Фирӯз Халилов на фақат дӯсти ман буд.Ӯ шахсе буд, ки тамоми бори мусиқии эҷоди манро мекашид.Ва нохост дар рӯзи таваллудам бо ҳаёт падруд гуфт.Ва боз дар рӯзи 60-солагиам модарамро аз даст додам.Ва ин-баёнгари ишқи эшон ба камина буд.”
Аввал ин рӯз барояш рӯзи талафотро мемонд.Пас аз гузашти вақт,ҳунарманд дигар “ғоиб” намешавад, лек шӯҳрат ҳамоно чун боре монд, ки ӯ бояд “кашад”.
“Бароям вазнин аст,душвор аст.Лек маро он чиз наҷот медиҳад,ки ҳофизаам хуб нест. Дар баъзе лаҳзаҳо аз хотир ҳам мебарорам, ки ман “Далер Назаров” ҳастам. Менишинам –ва на Далер ҳасту на Назаров, не мусиқиву не суруд,”-механдад ӯ.
Лек ҳунарманд мегӯяд, ки он лаҳзаҳое,ки бояд толорро ҷамъ оварад ва консерт баргузор намояд, он лаҳзаҳое, ки мехоҳад ба одамон аз муҳаббаташ гӯяд,“Далер Назаров ” хело хуб кӯмакаш менамояд.
Ҳунарманд бо дили пур аз он мегӯяд, ки худро инсони заминиву одӣ ҳис мекунад, балки аниқ медонад, ки инсони идеалиро дар худ нигоҳ доштан хело душвор аст. Номумкин аст.
Ҳамаи муборизаи мо дар ин зиндагӣ барои он аст, ки моро намегузоранд оне бошем, ки мехоҳем бошем,-мегӯяд ӯ.
“Пирӣ айёми хуш аст.Дар ин айём баробарвазнӣ фаро мерасад. Ҳофиза чизҳои аз ҳама заруриро дар худ нигоҳ медорад.Ҳамаи ҳаракатҳои барзиёдатиро барҳам медиҳад ва ин лаҳза зиндагии ту оғоз мегардад.Ту нафаси ором мегирӣ,"- қайд менамояд Далер Назаров.
Наметавон инсонро маҷбур ба хостан намоем,чун оне, ки наметавонем маҷбур созем касеро дуст дорад.
Бешубҳа, меҳвари асосии ҳамаи эҷоди Далер Назаров мавзӯи ишқ аст.
Чуноне, ки худи ӯ мегӯяд, дар ҳама чиз ва дар ҳама ҷой фақат васфи ишқ намудааст.Ва боз мегӯяд,ки ҳаргиз ба ин ҳиссиёт аз нуқтаи назари иқрор шудан ба бонуи дӯстдоштае баҳо намедиҳад.
Назаров ишқу дӯстиро ҳамвазн медонад ва ин чиз ба бисёр муаммо равшанӣ меандозад.
“Дӯстӣ барои ман -ин нишони олии муҳаббат аст. Дар амал дӯстӣ худ, бидуни шак-нишони олии муҳаббат аст.Бисёр мехостам байни падару писар дӯстӣ бошад,байни падару модар дӯстӣ бошад,”-мегӯяд дар анҷом ҳунарманд.