Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ миёни Тоҷикистону Эрон

Сафири Эрон дар Душанбе дар дидор бо вазири кишоварзи Тоҷикистон омодагии кишвараш барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи кишоварзӣ таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Сафири Эрон дар Душанбе Муҳаммадтақии Собирӣ бо вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода заминаҳои тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахши кишоварзиро баррасӣ кард, иттилоъ додааст сафорати Эрон дар ҷумҳурӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафайн дар ин дидор зимни баррасии иқдомоти анҷом шуда дар хусӯси ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои кишоварзӣ байни ду кишвар, бар зарурати густариши беш аз пеши равобит дар бахши кишоварзӣ таъкид карданд.
Қурбон Ҳакимзода дар ин дидор иқдомот ва дастовардҳои кишвараш дар таъмини маводи ғизоӣ ва афзоиши маҳсӯлоти кишоварзиро ташреҳ ва бар тавсеаи ҳамкориҳо бо Эрон таъкид кард.
Эрон барои иктишофи нафту газ дар Тоҷикистон барномаҳо дорад
Собирӣ гуфт Эрон омодааст барои тавсеаи ҳамкорӣ дар ин бахшҳо, аз ҷумла омӯзиши мутахассисон, содироти трактор ва адавоти кишоварзӣ, таъмини базрҳои гувоҳӣ шуда ва пурмаҳсӯл, мубориза бо офоту бемориҳои гиёҳӣ, густариши обхездорӣ ва ҳифозати хок, эълом кард.
Ҳамчунин сафири Эрон гуфт кишвараш омодааст бо Тоҷикистон дар бахши домпарварӣ, обзӣ парварӣ ва парвариши моҳӣ в парвариши паранда, тавсеаи боғот, тавсеа ва фароварии гиёҳони доруӣ, шабакаҳои обёрии сомонаҳои навини обёрӣ, густариши зерсохтҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ва афзоиши тавлидоти саноаии такмилӣ ва табдилӣ дар бахши кишоварзӣ ҳамкорӣ кунад.