Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия ҳамлаи "шадид" ба мавқеъҳои нерӯҳои украинӣ дар ҷануби Артемовскро оғоз кард

Телеграм канали “Руская весна” хабар додааст, ки нерӯҳои қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳамлаҳои шадидашро ба шаҳри Артемевск оғоз кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Артиши Русия ҳамлаи шадидашро бар зидди Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар Артемовски ҶМД идома медиҳад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Русия.
Ба гузориши хабарнигорони низомӣ, нерӯҳои Русия ба ҳамлаҳо ба мавқеъҳои украинӣ дар ҷануби шаҳр шурӯъ карданд.
Тибқи иттилои нашршуда дар ин Telegram канал, шаби якшанбе нерӯҳои ҳамлаоварӣ артиши Русия бо кумаки нерӯҳои тӯпхонаӣ ҳамлаҳои худро дар кӯчаҳои Геологҳо ва Корсунский вусъат доданд.
Амалиёти вижа, Ғарб, Донбасс, иқтисод ва пешрафт: Нуқоти муҳими паёми Путин ба парлумон
Илова бар ин, артиши Русия тавонист дар минтақаи Буденовка чанд мавқеи дигарро бигирад.
Дар наздикии Забахмутка ба аксари сарбозон вазифа гузошта шуда буд, ки дарёи Бахмуткаро убур кунанд. Ҳоло онҳо ҷое меҷӯянд, ки аз он ҷо зуд ба соҳили рост гузаранд.
Ҳафтаи гузашта мақомоти ҶМД хабар доданд, ки нирӯҳои Русия аллакай то 70 дарсади қаламрави Артемовскро таҳти назорат гирифта ва тақрибан дар тамоми қаламрави корхонаи АЗОМ мустақар шудаанд.
Қаблан хабар дода буданд, ки низомиёни Русия аз талошҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои ворид шудан ба Артемовск аз Часов Яр ҷилавгирӣ карданд.