ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи нав рух дод, хабар медиҳад дафтари матуботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, заминҷунбии навбатӣ субҳи 18 март, соати 05:01 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
"Маркази ларзиши замин дар километри 260-уми самти ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ҷойгир будааст", - омадааст дар хабарномаи КҲФ.
Манбаъ афзуда, қувваи заминларза дар марказ 3-4 балл буда, дар шаҳри Душанбе шиддати он 2 дараҷаро ташкил дод.
КҲФ мегӯяд, ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ надошт.
Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҷунбиши замин рух медиҳад. Шадидтарини он рӯзи 23 феврал дар наздикии Мурғоб буд ва қувваи он 7.3 баллро ташкил дод.
Руслан Габдуллин, номзади илмҳои геологӣ ва минералогии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов гуфт, заминларзаи моҳи феврал дар Тоҷикистон ба заминларзаҳои Туркия ва Сурия иртибот дорад.