Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар Запороже даҳҳо зархарид кушта шуд

Пойгоҳи хориҷии "Легиони хориҷӣ" -и Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар маҷмааи тарабхонаи "Моника Беллуччи" яке аз пойгоҳҳои асосӣ дар самти Запороже мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Нерӯҳои Русия ба пойгоҳи зархаридони хориҷӣ дар шаҳри Запороже ҳамла карданд.
Дар ин бора раиси ҷунбиши “Мо бо Русия ҳастем”, узви шӯрои асосии маъмурияти вилоят Владимир Рогов дар шабакаи Telegram хабар дод.
"Субҳи барвақт (04:15) ба маҷмааи тарабхонаи "Моника Беллуччи", воқеъ дар ҳудуди маҷмааи элитаи "Ренессанс" дар Великий Луга дар шаҳри муваққатан ишғолшудаи Запороже зарба зад", - навиштааст ӯ.
Ба гуфтаи Рогов, дар ин маҷмаа инструкторҳо ва ҷангҷӯёни хориҷӣ ҷойгир буданд. Он яке аз пойгоҳҳои асосии "Легиони хориҷӣ"-и Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар самти Запороже ба ҳисоб мерафт.
Ҳоло хадамоти изтирории Украина ба берун овардани зархаридони мурда ва маҷрӯҳ аз харобаҳо машғуланд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кумандони “Вагнер”: Киев тақрибан тамоми халабонҳои низомиашро аз даст додааст
"Ба гуфтаи ҳамватанони ман, шумори ҷасади ҷангҷӯёне, ки аз зери харобаҳо берун оварда шудаанд, аллакай даҳҳо нафар аст", - афзуд Рогов.
Вилояти Запороже рӯзи 30 сентябр дар пайи як раъйпурсӣ ба як минтақаи Русия табдил ёфт, ки 93,11%-и онҳо ба тарафдорӣ аз пайвастан ба Русия раъй доданд.