ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Россотрудничество ва Намояндагии башардӯстонаи Русия дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон кардаанд, ки ҷоизаи асосии он синфи нави забони русӣ хоҳад буд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Россотрудничество дар ҷумҳурӣ, озмун "Синфи нав барои мактаби ман!" ном дошта, аз 6 март то 30 апрел идома мекунад.
Дар он омӯзгорони забони русӣ ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон, ки ба забони русӣ таҳсил мекунанд/мактабҳои типи омехта иштирок карда метавонанд.
Шахсоне, ки хохиш доранд, бояд дар бораи мактаб, фаъолияти муаллим маълумотнома омода намуда, сайри видеоии муассисаи таълимиро сабт намоянд.
Маводи тайёрро ба "Хонаи русӣ"-и Душанбе ва ё Хучанд фиристодан мумкин аст.
Ташкилкунандагон ба ғолибони мусобиқа ваъда медиханд, ки бепул синфхонаи русиро таъмир карда, базаи моддию техникиро боз ҳам пурра мекунанд ва фонди адабиёти таълимию методиро ғанӣ мегардонанд.