Путин: Ғарб ҳатто барои шалғам ҳам ба Русия муроҷиат мекунад

Раисҷумҳури Русия мегӯяд, ба мардум дар Ғарб ба ҷои хӯриш шалғам пешниҳод мекунанд, аммо барои ин ҳам онҳо бояд ба назди мо оянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Русия рукуд ва коҳиши бахши истеъмолиро пешбинӣ мекард, аммо кишварҳои ғарбӣ акнун ба сокинонашон ба ҷои салату помидор шалғам пешниҳод мекунанд.
Дар ин бора Владимир Путин дар конгресси Иттиҳодияи саноатчиён ва Соҳибкорони Русия афзуда, таъкид кард, ки ҳатто онҳо ҳамакнун маҷбур мешаванд, ки барои он ҳам ба Маскав муроҷиат кунанд.
Ӯ ёдовар шуд, ки як сол пеш мақомоти он кишварҳо дасти ширкатҳои худро баста, бисёриҳоро маҷбур карданд, ки бозори Русияро тарк кунанд.
Дар навбати худ, коршиносони ғарбӣ рукуд дар кишвар, холӣ шудани рафҳои мағозаҳо, камбуди миқёси зиёди мол ва шикасти бахши хидматрасониро пешгӯӣ карданд.
Ғизои якмоҳа: сабади хӯрокворӣ дар Тоҷикистон аз чӣ иборат аст
Аммо, дар ниҳоят, худи кишварҳои ғарбӣ бо ин мушкилот рӯбарӯ шуданд, таъкид кард Путин.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, кор то ҷое расидааст, ки раҳбарони хориҷӣ ба шаҳрвандони худ пешниҳод мекунанд, ки ба ҷои салату помидор ба хӯрдани шалғам гузаранд.
Путин таъкид кард, ки шалғам маҳсулоти хуб аст, аммо барои дарёфти он ба эҳтимоли зиёд маҷбур мешавад ба Русия муроҷиат кунанд.
Президент қайд кард, ки сатҳи ҳосил дар ин ҷо аз нишондиҳандаҳои кишварҳои Аврупо хеле зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид кард, ки ба ҳосил асосан шароити обу ҳаво таъсир мерасонад, аммо он кишварҳо бе нуриҳои русӣ мушкил хоҳанд дошт.